Созмони "Артикл 19" ва тарҳи Қонуни матбуоти Тоҷикистон

Aртикл 19, як созмони ҳомии озодии сухан пешнависи Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.
Ин созмони ҳомии озодии сухан мақараш дар Лондон, бо назардошти мавозини байналмиллалии ҳуқуқи инсон пешниҳодҳои худро мунташир сохтааст. Ин пешниҳодҳо аслан ба парлумони Тоҷикистон пешкаш шудааст, то намояндагони мардумӣ қабл аз тасвиби ин қонун, нуктаҳо ва тавсияҳои ин созмонро низ дар назар бигиранд ва қонун бо ба меъёрҳои байналмиллалии озодии баён комилан мутобиқат кунад.

Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Боэф Бойко-яке аз муаллифони пешниҳодоти созмони ARTICLE 19, аз вай пурсидам, чӣ нукоте дар пешнависи Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон ба мавозини байналмиллалӣ ҳамоҳанг нест?

Бойко: Созмони мо аз озодии баён дар саросари ҷаҳон дифоъ мекунад ва мо бо назардошти меъёрҳои байналмиллалии озодии баён пешнависи қонунҳоро дар кишварҳои мухталиф таҳлил мекунем. Меъёрҳое ҳастанд, ки
Боэф Бойко

онҳо асли қонунҳоро ташкил медиҳанд ва моддаҳои он ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқат мекунад. Чунин нукот дар пешнависи Қонуни Тоҷикистон омадаанд. Вале нукоте ҳам ҳастанд, ки ба чунин меъёрҳо ҳамоҳанг нестанд. Масалан, нуктае ҳаст, ки қобили нигаронист. Бидуни дарназардошти ин, ки матбуот хусусӣ ё иҷтимоист, он дар пешнавис вазифадор шудааст, ки изҳороти давлатиро ба нашр расонад. Вале таҷрубаи маъмул ин аст, ки ҳукумат ё ниҳодҳои иҷтимоӣ барои чопи ин мавод бояд ба матбуоти хусусӣ ё иҷтимоӣ ҳақи чопро пардохт кунанд.

Суол: Фикр намекунед, ки дар пешнависи ин қонун дар бандҳои роҷеъ ба дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигор барои ҳифзи сарчашмаҳои гирдоварии маълумот заъфият эҳсос мешавад?

Бойко: Дар он ду камбудӣ дар ин замина эҳсос мешавад. Яке эътирофи ҳуқуқи рӯзноманигор барои дифоъ аз сарчашмаҳои маҳрами маълумот. Тибқи ин пешнавис, дар чунин ҳолат рӯзноманигор маҷбур мешавад сарчашмаи маълумоти худро ифшо кунад. Чунин меъёр дар кори рӯзноманигор мушкилӣ пеш меорад ва касе омода намешавад, ки ба рӯзноманигор маълумот диҳад. Барои он, ки рӯзноманигор наметавонад аз онҳо дифоъ кунад. Ё намунаи дигар, пешнвиси қонуни мазкур дар ҳимоят аз ин ҳуқуқи рӯзноманигор хеле заиф аст. Масалан, рӯзноманигор наметавонад ришвахориро таҳқиқ кунад. Агар рӯзноманигорон ҳақ надошта бошанд, сӯҳбатҳои хусусиро сабт кунанд, онҳо намехоҳанд фаъолияти сиёсатмадорон ё шахсиятҳои давлатиро таҳқиқ кунанд. Дар аксари маворид сиёсатмадорон метавонанд бигӯянд, ки чунин кор нақзи ҳуқуқи шахсии онҳост, вале дар маҷмӯъ ин ба нафъи ҷомеа аст, ки аз ришвахорӣ ҷилавгирӣ ба амал меояд.

Суол: Шумо дар пешниҳодҳои худ гуфтаед, ки дар пешнависи қонун як силсила ҷанбаҳои мусбат ҳастанд. Чӣ ҷанбаҳоро дар назар доред?

Бойко: Дар пешнависи қонун як силсила ҷанбаҳои мусбат вуҷуд дорад. Ба он аз ҷумла эълони озодии матбуот, манъи сонсур ва ба додгоҳ накашондани рӯзноманигор барои интиқод дохил мешавад. Ман мушоҳида кардам, ки пешнависи қонуни Тоҷикистон матбуоти интернетӣ ва матбуоти иҷтимоиро фаро намегирад. Шумо медонед, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳукуматҳо талош мекунанд ба блогнависон ва одамоне, ки дар интернет барои мардум менависанд, фишор оранд. Вале дар пешнависи Қонуни Тоҷикистон ин нукта нест.

Радиои Озодӣ баъд аз мусоҳиба бо созмони мазкур, бо
Олимҷон Салимзода-раиси Кумитаи парлумони Тоҷикистон

Олимҷон Салимзода-раиси Кумитаи парлумони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони пешнависи қонуни матбуоти Тоҷикистон дар тамос шуд ва аз вай дар бораи ин пешниҳодҳо назар хост.

Оқои Салимзода гуфт, вуруди пешниҳодҳо аз рӯзноманигорону созмонҳо ва шахсиятҳои алоҳида давом дорад ва ин пешниҳодҳо омӯхта ва дар сурати муфид ва муҳим воқеъ шудан дар назар гирифта хоҳанд шуд: “Баррасӣ, таҳия ва омӯзиши пешниҳодҳо идома дорад. Мо ҳама ҷиҳатҳои хубро қабул дорем. Агар пешниҳод барои имрӯзи Тоҷикистон муҳиму зарурӣ бошад, ҳатман ба инобат гирифта мешавад. Дар нишастҳои мо ҳуқуқдонҳову рӯзноманигорон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Русия низ буданд. Онҳо назари худро пешниҳод карданд ва мо онро ба инобат гирифтем. Агар пешниҳодҳои ин ниҳод ба нафъи мо ва ба нафъи пешрафти матбуот ва кишвари мо бошад, мо ҳатман онро ба инобат мегирем, ҳатман.”