Истиқрори нерӯҳои Сурия дар назди қароргоҳи фирориён

Имрӯз нерӯҳои Сурия дар марзи Туркия, дар наздикиҳои қароргоҳи паноҳандагоне мустақар шуданд, ки бар асари даргириҳо дар шимоли кишвар манзилҳои худро тарк карда буданд.

Айни ҳол ин қароргоҳ тақрибан холӣ шудааст – ҳудуди даҳ ҳазор нафари паноҳандагон ба қаламрави Туркия фирор кардаанд.

Ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, бар асари саркӯбсозии ҳамоишҳои оммавӣ дар Сурия тақрибан 1400 нафар ба ҳалокат расидаанд.