Қарор аст, фардо Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия бо як сафари дурӯзаи корӣ вориди Тоҷикистон шавад. Зимни сафар ӯ бо Шералӣ Хайруллоев, ҳамтои тоҷики худ ва эҳтимолан бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Дар ин мулоқотҳо тақвияти ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад. Зоҳиран Анатолий Сердюков, масъалаи ҳузури пойгоҳи бузурги Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард, ки ду тараф ҳоло сари шароити ҳузури он музокироти сахтеро анҷом медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, давлати Тоҷикистон мехоҳад, солона Русия барои ҳузури ин пойгоҳ бештар аз 250 миллион доллар ба Тоҷикистон бипардозад, шароите, ки Русия онро хуш надорад.