Мақоми ВВС раҳоии Усмоновро талаб кард

Қароргоҳи ВВС дар Лондон

Имрӯз ҳангоми сӯҳбат бо телевизиони ВВС дар шаҳри Лондон раиси бахши ахбори ҷаҳонии ВВС Питер Ҳоррокс гуфт ӯ ва дигар ҳамкоронаш бар зидди ҳабси хабарнигори ВВС дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов эътироз баён кардаанд. Ҳоррокс афзуд:
“Мо аз ҳамаи ҳукуматҳову мақомот даъват мекунем, болои ҳукумати Тоҷикистон ҳаддалимкон фишор оранд, то онҳо ба хегу табор ва вакилони мудофиаи Усмонов иҷозати дидори муносиб додава ӯро аз зиндон раҳо кунанд”.