Комиссияи аврупоӣ эълон кард, ки Русия ба лағви таҳрими сабзавоти аврупоӣ, ки баъди сирояти ангезаи E.coli ҷорӣ карда буд, мувофиқат кардааст.
Имрӯз дар рафти сафари комиссари беҳдошти Комиссияи аврупоӣ Ҷон Даллӣ ба Маскав мақомоти Русия дар санаде имзо гузоштанд, ки тибқи он сабзавоти аз Аврупо воридшаванда аз тарафи мақомоти Русия муҷаввиз хоҳад гирифт. Ба гуфти ҳамин манбаъ тақдими муҷаввизҳо маҳдуд буда, баъди даҳ рӯзи хатми сирояти E.coli ба анҷом мерасад. Соли гузашта Иттиҳодияи Аврупо ба маблағи 862 миллион доллар ба Русия сабзавот содир карда буд.