Куштори шаш афсари афғон дар вилояти Ғазнӣ

Afghanistan -- A policeman points his gun towards a pedestrian at the scene of a suicide attack outside the office of Parwan provincial governor in Chaharikar, Parwan province, 21Jun2011

Имрӯз бар асари ҳамлаи силоҳбадастони номуайян болои гузаргоҳи полис дар вилояти марказии Ғазнии Афғонистон шаш афсари полиси афғон кушта шуданд. Нисфирӯзии чоршанбе Саид Амиршоҳ –раиси хадамоти иктишофии вилояти Ғазнӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки бархӯрди мусаллаҳона субҳ оғоз ёфта, то нисфрӯз ба охир нарасида буд. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон қазияро таҳқиқ дорад.