Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо имрӯз таҳримҳои зидди Беларусро тавсеа дода, дороиҳои се ширкати марбут ба президент Александр Лукашенкаро масдуд карданд. Тасмими мазкур бо ҳадафи афзоиши фишори молӣ болои ҳукумат ва хатми саркӯби мухолифин дар ин кишвар гирифта шудааст. Инчунин имрӯз Брюссел чаҳор нафари дигарро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард, ки аз муттафиқони режими Лукашенка маҳсуб мешаванд.