Вокунишҳо ба даргузашти Елена Боннер

Давлатҳои кишварҳои ҷаҳон дар робита ба марги Елена Боннер, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон аз Русия вокуниш карданд, ки ӯ дар синни 88 солагӣ дар шаҳри Бостони Амрико дар гузашт. Дар вокуниш ба марги ӯ, ки дар замони шӯрави ранҷи зиёд кашидааст, вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, Елена Боннер, “нидои фавқуллодае дар миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар дар шӯравии собиқ ва Русия буд.” Хосе Мануел Барросо, раиси кумиссиёни Аврупо, гуфт, аз шунидани хабари марги Елена Боннер, “ниҳоят ғамгин” шудааст. Елена Боннер бар тибқи васияташ дар оромгоҳи Востряковскии шаҳри Маскав, дар паҳлӯи падару модараш ва ҳамсараш Андрей Сахаров, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ба хок супурда мешавад.