Талошҳои Эштон барои эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна

Кэтрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, бо мақомоти Исроил ва Фаластин музокирот анҷом медиҳад.

Ӯ рӯзи ҷумъа дар Байтулмуқаддас бо вазири умури хориҷии Исроил Авигдор Либерман мулоқот кард.

Қарор аст, ки ӯ дар Каронаи бохтарии руди Урдун бо раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвазир Салом Файёд гуфтушунид кунад.

Мавзӯъи аслии музокирот – имкони эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластин аст. Аз ин пеш хонум Эштон хостори даъвати мулоқоти фаврии чаҳоргонаи миёнҷиҳои раҳоанди сулҳи Ховари Миёна – СММ, Иттҳодияи Аврупо, Амрико ва Русия шуда буд.