Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон имрӯз аз мақомоти Австрия тақозо кард, то домоди пешинашро, ки ба куштор муттаҳам мешавад, ба Қазоқистон истирдод кунанд. Додгоҳи ин кишвар Роҳат Алиев, шавҳари духтари калонии Нурсултон Назарбоевро дар ғайбаш ба одамрабоӣ гунаҳкор дониста ва ба зиндон маҳкум кардааст. Додситонҳо ҳоло ӯро ба қатли ду бонкдори дигари қазоқ муттаҳам мекунанд. Роҳат Алиев, сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия ҳамаи иддаъоро рад кардааст.