Коршиканӣ дар Ҷумҳурии Чехия имрӯз ҳаракати нақлиёти умумӣ дар ин кишварро фалаҷ кард. Бори нахуст дар таърих имрӯз метрои шаҳри Прага баста буд. Қаторҳо ҳам ҳоло дар инҷо ҳаракат намекунанд. Коршиканӣ, ки бо мусоидати иттиҳодияҳои коргарӣ баргузор мешавад, алайҳи коҳиши имтиёзҳо ва хароҷоти буҷаи давлати Ҷумҳурии Чех аст, ки мегӯяд, бидуни ислоҳот вазъи молии кишвар бад хоҳад шуд.