Қарор аст, имрӯз раисони ҷумҳури Русия ва Чин Дмитрий Медведев ва Ҳу Ҷинтао доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар шаҳри Маскав гуфтӯгу кунанд. Баъд аз ин ҳарду дар садри ҳайъатҳои давлатӣ барои ширкат дар ҳамоиши солонаи иқтисодии Русия ба шаҳри Санкт Петербург мераванд, ки Ҳу Ҷинтао ба ҳайси меҳмони арҷманд ба он даъват шудааст. Русияву Чин дар пайи созиш бар сари масъалаи таъмини дарозмуддати Чин бо гази русӣ ҳастанд, ки иштиҳои Чин ба он сол ба сол меафзояд. Масоили байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо аз масоили дигари гуфтӯгуи раҳбарони Чину Русия аст, ки ҳар ду амалиёти НАТО дар Либияро интиқод кардаанд ва ҳам аз ҳимояти қатъномаи Шӯрои Амният дар робита ба бӯҳрони Сурия сар печиданд.