Субҳи имрӯз, ҳавопаймоҳои НАТО дар Либия ба маҳалли наздик ба қароргоҳи раҳбари ин кишвар Муаммар Қаззофӣ, дар шаҳри Троблус ҳамла кардаанд. Маълум нест, чӣ гуна таъсисоте мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва гузорише доир ба хисорот ва ё қурбониҳо нарасидааст. Режими Қаззофӣ низ дар ин бора шарҳе надодааст. Бритониё ва НАТО хостаанд, то замони суқути Қаззофӣ, амалиёти низомӣ алайҳи ӯ идома ёбад, вале кишварҳои узви Иттиҳодияи Африқо даъват кардаанд, “ҷангҳо фавран муттавақиф шавад”, то шароит барои таъмини ғайринизомиёни Либия маводи лозимӣ фароҳам гардад.