Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз раҳбарони Судон ва Судони ҷанубӣ даъват кард, ки барои оташбаси фаврӣ дар минтақаи марзии Кордофани ҷанубӣ аз ҳама чораҳои имконпазир кор бигиранд.
Даргириҳо миёни артиши Судон ва гурӯҳҳои пуштибон аз ҳукумати Судони ҷанубӣ аз рӯзи 5 июн ба ин сӯ идома доранд.
Дар як паёми родиёӣ Обама ба зарурати хатми бомборон ишора кард, зеро дар ин бомбборон, ба гуфтаи ӯ, бештар мардуми осоишта қурбон мешаванд.
Қарор аст, ки рӯзи 9 июл истиқлоли Судони ҷанубӣ эълон шавад. Эълони истиқлол – натиҷае созишест, ки миёни шимолу ҷануб ба хотири хатми ҷанги шаҳрвандии тулонӣ ҳосил шудааст.
Баъд аз эълони истиқлол минтақаи Кордофани ҷанубӣ бояд таҳт назорати Судон боқӣ бимонад.