Боздошти панҷ ҳамдасти CIA дар Покистон

Дар Покистон бо гумони кӯмак ба Хадамоти марказии кашфи Амрико (CIA) дар баргузории амалиёти маҳви Усома бин Лоден панҷ нафар дастгир шуданд.

Нашрияи New York Times бо такя ба манобеъаш дар ҳукумати Амрико навиштааст, ки миёни боздоштшудаҳо як афсари артиши Покистон низ ҳаст. Айни ҳол дар бораи сарнавишти афроди дастгиршуда иттилоъе зери даст нест.

Раҳбари шабакаи «Ал-Қоида» Усома бин Лоден шаби 1 майи соли равон бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботобод кушта шуд.

Мақомоти Покистон аз баргузории ин амалиёти амрикоиҳо дар қаламрави кишвар интиқод карданд.