Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, амири Ҳизби Таҳрир дар ин кишварро дастгир кардаанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфт, мақомот Шарифҷон Яъқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе боздошт шуд, раҳбари аввали ин гурӯҳи мамнӯъи мазҳабӣ дар Тоҷикистон мешиносанд. Рӯзи 8 июн дар бораи боздошти амири Ҳизби Таҳрир дар вилояти Суғд низ хабар расида буд. Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон аз соли 2001 манъ шудааст, барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ дар кишварҳои мусалмонии ҷаҳон мубориза мебарад.