Марокизи ҳавошиносӣ барои имрӯз, 15 июн, дар Тоҷикистон ҳавои гарму соф, вале дар бархе манотиқ ҳавои нисбатан абриро пешбинӣ мекунанд. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Душанбе -34, дар Кӯлоб – 36, дар Хуҷанд - 37 ва дар Қӯрғонтеппа то 39 дараҷа гарм шавад. Дар Ғарм имрӯз то 23 дараҷа ва дар Хоруғ 16 дараҷа ҳавои гарм дар назар дошта шудааст.