Ғуломҳусейн Муҳсинӣ Эҷеӣ-додситони Эрон мегӯяд, моҳи гузашта барои таҷовуз ба номус дар як ҳамоиши саргармкунанда дар наздикии шаҳри Исфаҳон 14 мард боздошт шудаанд. Иддао мешавад, ки дар ин нишасти саргармкунанда дар Хумайнишаҳр ин 14 нафар дар ҳолати сархушиву мастӣ дари хонаи мардони дигарро бастаанд ва ҳамаи занонеро, ки дар шабнишинӣ ширкат доштаанд, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додаанд. Сарҳанг Ҳусейн Ҳусейнзода-яке аз мақомоти полиси Исфаҳон дар мавриди занон гуфтааст, агар занон ҳиҷоб пӯшида бошанд, ба муҷозот кашонда намешаванд. Баъзе аз намозгузорони намози рӯзи ҷумъа дар масҷиди Хумайнишаҳр аз занон интиқод кардаанд, ки дар шабнишинӣ ширкат кардаанд ва бо нӯшидани шаробу рақси худ мардонро “таҳрик” кардаанд, барои ҳамин онҳо низ бояд ба муҷозот кашонда шаванд. Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар ин фатворо комилан нодуруст медонанд.