Гузаргоҳи нави марзӣ дар мавзеъи Патари ноҳияи Конибодом, ҳаммарз бо Узбакистон дар ҳоле боз шуд, ки қаблан аз ҳарду ҷониб баста буд.
Гузаргоҳи байнулмилалии Патар дар шоҳроҳи нақлиётии байни се кишвар воқеъ шуда, Душанбеву Хуҷанд ва Фарғонаву Ӯшро васл мекунад. Аммо ҳангоми ифтитоҳи ин гузаргоҳ, ба ҷуз чанд бошандаи маҳал, дигар мусофире назди гузаргоҳ ба чашм намехӯрд. Аз паси симхори ҷониби Узбакистон гурӯҳи деҳқонони узбак бо ҳайрат маросими ифтитоҳро тамошо мекарданд.
Тақрибан сад метр дуртар, се кас аз як хонаводаи конибодомӣ мунтазир буданд, ки кай онҳоро иҷозаи убур медиҳанд. Яке аз онҳо Дилбар ном ҷавонзани тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай ҳамроҳи духтараш -Моҳгул ва бародараш аз меҳмонии домодаш, ҷавони узбаки сокини ноҳияи Бешариқ ба Тоҷикистон бармегарданд. Вай афзуд: «Мо телеграмма ва шиносномаҳоямонро нишон дода, аз гузаргоҳи Узбакистон гузаштем. »
Моҳгул дар идомаи суханони модараш афзуд: «Соли дуюм аст, ки дар Бешариқ ҳамроҳи шавҳарам зиндагӣ мекунам. Барои равуо дар гузаргоҳ даъватнома ва маълумотнома аз ҷойи истиқомат талаб мекунанд. Баъд иҷозати гузаштан медиҳанд, набошад раҳ намедиҳанд.»
Ба гуфтаи мусоҳибам, дар ҳолати надоштани яке аз ин санадҳо, марзбонҳои узбак ба шаҳрвандони тоҷику узбак иҷозаи гузар намедиҳанд.
МУШКИЛОТИ СОКИНОНИ ДУ ТАРАФИ МАРЗ
Зимнан, созишномаи байнидавлатӣ миёни давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба сокинони наздимарзии ҳар ду кишвар иҷозат медиҳад бидуни виза ба қаламравҳои якдигар ворид гашта, то 5 шабонарӯз ба сар баранд. То се соли пеш ин тартиб то андозае риоят мешуд. Дар назди гузаргоҳи Патари Тоҷикистон як бозори мардикорони узбакистонӣ буд, ки ҳамарӯза сад-дусад нафар сокинони узбак ҷамъ меомаданд. Сокинони Конибодому Исфара онҳоро дар умури сохтмон ба таври кироя кор мефармуданд. Бархе сокинон дар бозори наздимарзӣ молу коло тиҷорат мекарданд.
УЗБАКИСТОН РОҲРО БАСТ...
Аммо Узбакистон дар пайи мухолифатҳояш бо Тоҷикистон алайҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун, ба сурати якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистон қуфл зад. Ва бозорҳои наздимарзиву мардикорон дар гузаргоҳи марзии Конибодом барҳам хӯрд. Ба гуфтаи сокинон, аз баста будани марзҳо сокинони ҳар ду ҷониб зарар мебинанд ва ранҷ мебаранд.
Марзбонҳои узбак дар тақрибан 15 километрии гузаргоҳи Патар, аз канори деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом симхор кашида, дастрасии сокинон ба заминҳои кишти худро сангин карданд. Дар пайи ин кор, дар ду-се соли ахир дар ин мавзеъ борҳо байни сарҳадбонони узбак ва сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон баҳсу муноқишаҳо рух додааст.
ГУЗАРГОҲҲОИ БАСТА МИЁНИ ДУ КИШВАР
Дар ҳоли ҳозир аз 9 гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Суғд, танҳо се адад фаъол аст ва он ҳам танҳо барои теъдоди андаки пиёдагон. Рафтуомади нақлиёт ба ду ҷониб комилан қатъ шудааст. Як масъули шӯъбаи назорати сарҳадии гузаргоҳи марзии Патар бидуни муаррифии худ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: «Аз гузаргоҳи Патар дар як рӯз то 30 нафар ба қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ки қариб ними онҳо коргарони роҳи Узбакистон ҳастанд ва иҷозаи гузар доранд. Боқимондаҳо сокинони тоҷике, ки аз он сӯ бармегарданд. Ғайр аз ин, дар як рӯз 7- 8 нақлиёти боркаши транзитӣ, аз Эрону Туркия, мегузарад. Фаъолият ҳамин қадар, аз ин зиёд нест.»
Ин дар ҳолест, ки замони боз будани шоҳроҳи Хуҷанд- Конибодом-Фарғона-Ӯш, ки гузаргоҳи Патар дар байни он ҷойгир аст, дар шабонарӯз ҳазорон нақлиёти борбару одамкашон онро убур мекарданд. Ҳоло ин роҳ ва хати марзи симхорбанд, холӣ ва беодам аст. Қисмати зиёди хати марзи эҳтимолӣ дар минтақаи Суғд, аз ҷумла дар канори Конибодом аз ҷониби Узбакистон минкорӣ шудааст.
ГУЗАРГОҲЕ БО МАБЛАҒИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО
То замони боз шудани гузаргоҳи нав дар мавзеъи Патар, чанд «вагонча» вазифаи иншооти хадамоти сарҳадиву гумрукиро адо мекард. Марзбонону гумрукиёни тоҷик дар шароити носоз фаъолият мекарданд. Ҳамакнун гузаргоҳи нави «Патар» дорои иншооти ҳозирзамону муҷаҳҳаз барои хадамоти гумрукиву сарҳадӣ, фитосанитария, хадамоти байториву беҳдоштӣ ва бозрасии нақлиёти гардид. Бунёд ва муҷаҳҳазонидани он бо ҳудуди 835 ҳазор евро маблағи Иттиҳодия Аврупо ба василаи бунёди рушди СММ анҷом гирифтааст.
Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи Патар, намояндагони минтақавии Иттиҳодияи Аврупо, барномаи рушди СММ, бархе мақомоти давлати Тоҷикистон ва вилоятиву маҳаллӣ иштирок доштанд. Онҳо дар зимни суханрониҳои худ изҳори умед карданд, ки гузаргоҳи нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ, ҷараёни ба расмият даровардани рафтуомади шаҳрвандонро содда карда, ба равнақи тиҷорат ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи молу коло, ба хусус қочоқи маводи мухаддир дар ин шоҳроҳи водии Фарғона мусоидат хоҳад кард.