Дар Суғд кӯдакфурӯшонро ба додгоҳ мекашанд

Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст, ки падару модари як кӯдаки навзод кӯдаки худро дар зоишгоҳ 500 доллар фурӯхтаанд. Дар натиҷаи расидагӣ ошкор шудааст, ки 1-ӯми январи соли 2011 дар зиошгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зане бо номи Гулнора Қодирова дугоник, яъне ду духтар таваллуд кардааст. Гулнора баъд аз маслиҳат бо шавҳараш яке аз ин кӯдаконро ба сокини ҷамоати Унҷии ҳамин ноҳия фурӯхтааст. Бар зидди ин падару модар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва рисидагӣ идома дорад.