Шӯрои Амният роҷеъ ба Сурия ба бунбаст рӯ ба рӯ шуд

Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди тасвиби пешнависи қатъномае, ки режими Сурияро барои саркӯбии тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ маҳкум мекунад, ба бунбаст расидааст. Ба созиш нарасидани Шӯрои Амният роҷеъ ба ин масъала дар ҳолест, ки режими Сурия гуфтааст, нируҳояш дар атрофи шаҳраки Ҷиср аш-Шуғур шӯришиёнро таъқиб мекунанд. Ҳукумати Сурия мегӯяд, дар ин шаҳрак ҳафтаи гузашта 120 нафар кормандони амниятӣ кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо аз Шӯрои Амният, намояндагони Русия ва Чин дар СММ рӯзи шанбе дар ҷаласа ширкат надоштанд, то пешнвиси ин қатъномаро ба тавофуқ расонанд. Ин ду кишвар мухолифи ҳар гуна амал бар зидди Сурия мебошанд. Дар ин пешнавис, ки онро Британияву Олмон ва Фаронсаву Португалия пешниҳод кардаанд, бар зидди Сурия таҳримҳо дар назар гирифта шудааст.