Будановро бо шиллики низомӣ ба хок супурданд

Сарҳанги собиқи артиши Русия Юрий Буданов дирӯз таҳти шиллики низомӣ дар Химкӣ ба хок супурда шуд. Буданов, ки бо ҷурми қатли як духтари 18-солаи чечен дар оғози ҷанги дуввуми Чеченистон ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи ҷумъа дар маркази Маскав дар натиҷаи як сӯъиқасд бо 4 тири туфанг кушта шуд. Таҳлилгари масоили низомӣ Александр Голтс чунин арҷгузорӣ ба Будановро муноқиз бо қонунҳои Русия номид ва гуфт, истифодаи расми низомии дафн дар қиболи афсари собиқе, ки ба куштор айбдор шудааст, хилофи қонун аст. Аммо сиёсатмадори қавмгарои рус Владимир Жириновский дар маросими дафни Буданов аз ӯ ба унвони як афсари қаҳрамон ёд кард ва корнамоиҳояшро фаромӯшношуданӣ хонд.