Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд мегӯянд, ахиран имоми 57-солаи масҷиди маҳаллаи Муллоёни шаҳри Исфараро бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Туркистон боздошт кардаанд. Исми имом ифшо нашудааст, вале ба гуфтаи мақомот, ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ ба таблиғи ақидаҳои ин созмони мамнӯъ машғул будааст. Мақомоти Суғд мегӯянд, аз аввали сол дар шимоли Тоҷикистон 14 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон дастгир кардаанд. Соли гузашта бо чунин иттиҳом дар вилояти Суғд 48 нафар боздошт шуда буд. Ҳаракати исломии Узбакистон созмонест, ки низ дар баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон амал мекунад.