Суоли матраҳ аст, ки оё ҳизби Эрдуғон ба ислоҳоти конститутсионӣ дар Туркия муваффақ хоҳад шуд ё на?
Ин ҳам дар ҳолест, ки сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон қавл додааст, ки бо ҳамаи аҳзоби порлумонӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки ҳизби Эрдуғон дар интихоботи рӯзи якшанбе тақрибан 50 дарсади орои интихобкунандгонро ба даст овард.
Дар як гуфтугӯ бо Аббоси Ҷаводӣ, таҳлилгари умури Туркия ва муовини мудири пахши барномаҳои Радиои Озодӣ нахуст пурсидам, ҳизби пирӯз то чӣ андоза тавон ва имкони тағйири Қонуни асосиро дорад?
Аббоси Ҷаводӣ: "Барои тағйири Қонуни асосӣ ду роҳ ҳаст: Аввал, бояд райъпурсӣ баргузор шавад ва барои тағири Қонуни асосӣ аз се ду ҳиссаи мардум бояд раъй диҳанд. Дуввум, агар дар порлумон пешниҳоде ояд ва аз се ду ҳиссаи намояндагони порлумон ба он тағйирот раъй диҳанд, пешниҳод қабул мешавад. Шумораи намояндагони ҳизби ҳоким ҳоло 326 нафар аст. Ин кам аст. 367 нафар лозим аст. Дар тақсимоти кунунии ҳисобҳо ҳеҷ ҳизб наметавонад дар танҳоӣ Қонуни асосиро иваз кунад. Вале аз ҳоло таркибҳои мухталиф бо якдигар вориди музокира шудаанд. Масалан, мегӯянд, ки оё мешавад бо ҳизби курдҳо музокира кард, зеро ин ҳизб ба унвони нирӯи мустақил вориди порлумон шудааст. Иттифоқан, намояндагони онҳо нисбат ба интихоботи чаҳор сол пеш бештар шудааст ва ба 36 нафар расидааст, дар ҳоле, ки чаҳор сол пеш 26 нафар буд."
Суол: Оё низоми идории раёсати ҷумҳурӣ дар марҳалаи кунунӣ ба нафъи ҷомеаи Туркия хоҳад буд?
Аббоси Ҷаводӣ: "Ҳизби ҳоким ва оқои Эрдуғон ду ҳадаф доранд. Онҳо бартариро ба тағйири Қонуни асосӣ медиҳанд. Тағйири Қонуни асосӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқи демократӣ барои мардум ва пешрафти ҷомеаву кишвар бисёр муҳим аст. Қонунии асосии кунуниро низомиён, артишиён таҳия карда буданд ва ин қонун дар бисёр ҷиҳатҳо камбуд дорад. Бо меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки Туркия бисёр мехоҳад, узви он бошад, аз бисёр ҷиҳатҳо муносиб нест. Барои ҳамин инро бояд тағйир диҳанд. Тағйири Қонуни асосӣ, ба назарам, чизе ҳаст, ки аз он Ғарб ҳам ҳимоят мекунад. Нуктаи дуввуме, ки ҳизби ҳоким мехоҳад аз низомии демократии порлумонӣ ба низоми президентӣ бигзарад. Ҳатто, агар аз нуқтаи назари ҳизби ҳоким бипурсед, порлумон соҳиби ихтиёроти бештар хоҳад шуд. Мисли Фаронса, мисли Амрико. Конгресс дар Амрико ҳамакора аст. Ҳоло тасаввури онҳо ин аст, ки як президенти соҳиби ихтиёроти комилро барои шаш сол рӯи кор биоваранд."
Суол: Дар натиҷаи интихобот ҳоло маълум шуд, ки Ҳизби сотсиал-демократ дар Туркия нирӯи дуввум аст. Оё инҳо дар порлумон ё дар тасмимгириҳои ҳукумати нав метавонанд таъсире дошта бошанд?
Аббоси Ҷаводӣ: "На, чунки ҳизби ҳоким тақрибан ду баробари Ҳизби сотсиал-демократ аст, инҳо 50 дарсад, онҳо 26 дарсад. Шумо агар ҷамъ бизанед ҳизбҳои дигари мухолифро, масалан курдҳо ва натсионалистҳоро, онҳо дар маҷмӯъ шумораашон баробари ҳизби ҳоким аст. Бинобар ин онҳо эҳтиёҷе надоранд, ки ба касе гӯш диҳанд. Вале Қонуни асосӣ фарқ мекунад ва аз се ду ҳиссаи порлумон бояд тасдиқ кунад. Як нуктаи натиҷагирии шахсии ман аз интихобот ин аст, ки мардум ба шиор ва сиёсат камтар аҳамият медиҳанд, то ба пешрафти зиндагии оддию маъмулиашон. Масалан, аз тарафи Аврупо ва ғайра дар бораи маҳдудиятҳои матбуот танқидҳои зиёде шуд ва ё ҳуқуқи аввалияи ақаллиятҳои миллӣ. Масалан, курдҳо ба забони худашон мактаб надоранд, вале қариб 14-15 миллион нафар ҳастанд. Ин табиатан нақзи ҳуқуқи аввалияи ин мардум аст ва мураттабан танқид ҳам шудааст. Мунтаҳо, мардуме, ки зоҳиран дар Туркия ҳастанд, асосан ба зиндагии, ба истилоҳ, маишии худашон диққат медиҳанд, ки иқтисодашон чӣ тавр аст, даромадашон чӣ қадр аст, сармоягузории дохилӣ ва сармоягузории хориҷӣ чӣ тавр аст, рафтуомад бо кишварҳои дигар чӣ тавр аст."
Суол: Ва фикр мекунед дар ҳамин ду даврае, ки ҳизби оқои Эрдуғон дар сари ҳукумат буд, ҳамин нукоте, ки шумо ёдоварӣ кардед, беҳтар шудааст?
Аббоси Ҷаводӣ: "Сад дарсад. Мардуме, ки ҳатто тарафдори ҳизби ҳоким нестанд, инро ёдоварӣ мекунанд. Яъне мардум тарафдори касе ҳастанд, ки мушкилашонро ҳал кунад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад