IMF роҳҳои наҷоти иқтисоди Белорусро меҷӯяд

Ронандагони Белорус роҳро бастанд

Намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) дар Белорус чораҳои нав ба хотири эътидоли иқтисоди Белорус ва бурунрафти кишвар аз бӯҳрони иқтисодиро таҳия кардааст.

Дар ин бора раиси намояндагӣ Крис Ҷарвис дар мулоқот бо сарвазири Белорус Михаил Мясникович дар Минск хабар дод.

Аз ин пеш ҳукумати Белорус аз IMF хостори қарз ба маблағи аз севу ним то ҳашт миллиард шуда буд.

Рӯзҳои 11 ва 12 июн бар асари бӯҳрон дар Белорус маҳдудияти қатъӣ барои берун бурдани молу мавод аз қаламрави Иттиҳодияи гумрукӣ ҷорӣ шуда буд.

Рӯзи якшанбе ронандагони белорус алайҳи ин маҳдудиятҳо эътироз карда, роҳро дар канори гузаргоҳи “Брузги”-и марз бо Лаҳистон бастанд.

Ба хотири пароканда кардани эътирозгарон полис аз гази ашковар истифода бурд. 22 нафар боздошт шуданд.