Раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао имрӯз сафари серӯзааш ба Қазоқистонро бо мулоқот бо раҳбари ин кишвар Нурсултон Назарбоев оғоз мекунад. Равобити ду кишвар тайи солҳои охир дар ҳоли густариш аст, ба хусус дар бахши энержӣ ва ба далели ниёзи Чин ба манобеъи бештар барои таъмини иқтисоди дар ҳоли рушдаш. Феълан дар Қазоқистон беш аз 1000 ширкати Чин амал мекунанд. Назарбоев дар моҳи феврал аз Чин дидан карда буд.