Ӯзбакистон марзбони тоҷикро раҳо кардааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як марзбони боздоштшуда аз тарафи сарҳадбонони Ӯзбакистонро ба кишвар бозгардониданд. Дафтари матбуоти Раёсати марзбонии кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, Ҷаҳонгири Бахтиёр баъди музокирот бо сарҳадбонони ӯзбак раҳо карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, марзбонони ӯзбак рӯзи 7 июн дар хати марзи миёни ду кишвар ба Ҷаҳонгири Бахтиёр дарафтода ва зӯран ба қаламрави Ӯзбакистон бурдаанд. Ва даъвои мақомоти расмии Ӯзбакистон доир ба вуруди ғайриқонуниии Ҷаҳонгири Бахтиёр ба хоки он кишвар дурӯғ будааст. Қаблан давлати Ӯзбакистон гуфт, ин марзбони тоҷик ғайриқонунӣ ба қаламрави он кишвар ворид шуда ва зимни боздошт, муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.