Сурия мегӯяд, гурӯҳи мусаллаҳеро боздошт кардааст

Артиши Сурия мегӯяд, як гурӯҳи аслии мусаллаҳ дар шаҳри шимолуғарбии Ҷис аш Шуғурро боздошт кардааст. Маъмурони амниятии Сурия рӯзи ҷумъа амалиётеро дар ин шаҳри наздик ба марзи Туркия шурӯъ карда ва бори нахуст ба сӯи тазоҳургарон дар он шаҳр аз чархбол оташ кушоданд. Ба думболи ин давлати Амрико, “аъмоли бедодгаронаи” ҳукумати Сурия алайҳи мардумашро башиддат маҳкум кард. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора гуфт: "Мо ҳукумати Сурияро барои хушунатҳояш маҳкум мекунем ва аз он мехоҳем ба ҳуқуқи бунёдии мардуми худ эҳтиром бигузорад. " Давлати Амрико ҳамчунин аз пешнависи қатъномаи кишварҳои аврупоӣ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарафдорӣ кард, ки дар он Сурияро барои зӯроварӣ ба тазоҳургарони зиддидавлатӣ маҳкум карда ва аз он хостаанд, хушунат алайҳи мардумро бас кунад. Рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор нафар дар Сурия хостори истеъфои раиси ҷумҳур Башшор Асад шуданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ 25 нафар дар ин раҳпаймоиҳо кушта шуданд.