Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки амалиёти раҳоии кӯдакони гаравгони гурӯҳҳои қочоқбари Афғон бомуваффақият анҷом ёфт ва наврасон аллакай ба ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора дар консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз хабар доданд, ки чанд соати баъди раҳоӣ мактаббачаҳо дар он ҷо зери ҳимояти дипломатҳои тоҷик қарор доштанд.
Ҳодисаи ба гарав афтодани мактабхонҳои ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, бар тибқи баъзе хабарҳо, рӯзи 1 июни имсол иттифоқ афтода баъди шурӯи амалиёти муштараки миёни нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон ва музокира бо гаравгонгирҳо, писарбачаҳо озод шуданд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар тафсилоти ин ҳодиса чунин гуфт:
“Гап дар ин ки, гаравгонгирҳо телефонӣ аз падари ин бачаҳо талаб карданд, ки 40 ҳазор доллар пардохт кунад. Ин бачаҳоро аз лаби дарёи Панҷ чор нафари мусаллаҳ рабуд. Ва баъд аз он тарафи дарё гуфтанд, ки бар ивази гаравпулӣ метавонанд ин бачаҳоро бозпас бигиранд”.
Назар ба мушоҳидаҳо, мушорикати бархе сокинони манотиқи наздимарзӣ бо Афғонистон дар қочоқи маводи мухаддир боис ба рух додани чунин ҳодисаҳо мешавад.