Раҳбари Қирғизистон ба сулҳу субот даъват кард

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева ба сулҳу таҳаммулпазирии миллӣ дар кишвараш даъват кард. Порсол дар ҳамин рӯз дар ин кишвар низоъҳои байниқавмии пурхушунат, ки беш аз 470 нафарро кушта бар ҷой гузошт, шурӯъ шуда буд.

Дар паи шурӯи бенизомиҳо, чандин ҳазор нафар, ки аксарашон ӯзбактаборҳо мебошанд, хонаҳои худро тарк карданд. Дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи “Ашки модарон” дар шаҳри Ӯш, дар маркази задухӯрдҳои порсолаи қавмӣ, Отунбоева за мардум даъват кард, ки аз иттиҳоми ҳамдигар худдорӣ кунанд. Вай гуфт:

“Мо қарнҳо шона ба шонаи ҳам зиндагӣ кардем ва дар оянда ҳам ҳамзистӣ хоҳем кард. Мо як миллати муттаҳид ҳастед ва дар ҳар ғаму шодӣ ҳам дар канори ҳам хоҳем буд”.

Муҷассамаи модарон ду зани ӯзак ва қирғизро тасвир мекунад, ки ҳамдигарро оғуш кашида мегирянд.