Мақомоти Амрико мегӯянд, ки нируҳои ҳавоии онҳо дар ҷануби Яман бомбборони мавозеи Ал Қоидаро ҳафтаи гузашта оғоз кардаанд, то онҳо натавонанд дар нооромиҳои ин кишвар даст дошта бошанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли мақомоти расмии Амрико, ки нахостаанд аз худ ном бибаранд, навиштааст, ки рӯзи ҷумъа ҳавопаймоҳои низомии Амрико дар амалиёте Абуалӣ Ал Ҳаритӣ-раҳбари сатҳи миёнаи Ал Қоида ва чанд тан аз пайравони вайро ба қатл расондаанд.