GAFSP ба Тоҷикистон $27,9 кӯмак мекунад

Сармоягузорон дар Барномаи саросарии кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ ё GAFSP рӯзи панҷшанбе эълон карданд, ки дар Камбоҷаву Либерия ва Непалу Тоҷикистон дар маҷмӯъ 160 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард, то тавлидоти фаровардаҳои кишоварзӣ боло равад. Ин даври севвуми сармоягузории ин созмон дар ин кишварҳост. Дар эъломияи ин созмон омадааст, ки бо ихтисосои ин маблағ онҳо мехоҳанд гуруснагӣ дар кишварҳои фақир камтар шавад ва кӯмакҳо ба воҳидҳои кишоварзиву хонаводаҳои кишоварзон бирасад. Тоҷикистон аз ин маблағ тақрибан 28 миллион доллар мегирад.