Ҳудуди 350 фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ дар Эрон зимни як номаи саркушода аз сарнавишти фарзандони зиндониёни сиёсӣ ибрози нигаронӣ кардаанд. Дар нома ба унвони вазорати адлияи Эрон, ЮНИСЕФ ва Дидбони Ҳуқуқи Башар, онҳо фарзандони зиндониёни сиёсӣ дар Эронро, “қурбониёни фаромӯшшуда” хонда ва хостори ҳимояти ҳуқуқи он кӯдакон шудаанд. Фаришта Ғозӣ, яке аз муаллифони нома ба Радиои Фардо гуфт, фарзандони зиндониёни сиёсӣ аз ҳаққи дидорбинии мураттаб бо волидонашон маҳруманд ва баъзеашон аз бемориҳои равонӣ ранҷ мекашанд. Ба гуфтаи ӯ ҳангоми дидорбинӣ, кӯдакон бо умеди ба оғӯш гирифтани падар, худро ба шиша мезананд. Давлати Эрон баъди нооромиҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 даҳҳо нафар аз фаъолони сиёсиро ба зиндон андохт.