Мақомоти расмӣ дар вилояти Хатлон ба китобхонаҳо амр додаанд, то мансабдорони вилоятро бо пазируфтан ба узвият ба хондани китобҳои бадеӣ ва сиёсӣ ташвиқ кунанд. Ситора Шерова, муовини раиси ҳукумати вилояти Хатлон гуфтааст, аъзои китобхонаҳои вилоят аксаран донишҷӯёнанд, вале мизоҷони китобхонаҳо аз ҳисоби мансабдорони вилоят кам аст. Ӯ аз китобхонаҳои вилоят, хостааст, барои ҷалби мансабдорон ба хондани китоб саъйи бештар кунанд. Як мансабдори хатлонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, баъди 10 сол бори аввал ба китобхона рафта, вале дар онҷо китоби дилхоҳашро наёфта, дасти холӣ баргаштааст.