Ширкати чехӣ дар Тавилдара 5 ниругоҳи хурд месозад

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, ширкати “Виктория Проект”-и ҷумҳурии Чех гуфтааст, ки дар Тоҷикистон 5 ниругоҳи хурди барқи обӣ месозад. Дар ин бора намояндаи ширкати чехӣ дар Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Тавилдара ба тавофуқ рассидаанд. Ҷонибҳо ёдоварӣ кардаанд, ки дар ноҳияи Тавилдара имкони беҳбуди фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дорад, вале барои он нируи барқ кофӣ нест. Тибқи тавофуқи ҷонибҳо се ниругоҳи хурди барқи обӣ бояд то моҳи сентябри соли ҷорӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.