Яке аз раҳбарони мухолифони Беларус се соат боздошт шуд

Дирӯз полиси Беларус яке аз раҳбарони иттиҳодияҳои синфиро бидуни ҳеҷ тавзеҳот барои се соат боздошт кард. Миколай Пахабау ҳангоми сафар аз Минск ба шаҳри Борисов бо мошини худ аз ҷониби полиси ноҳияи Смолявичӣ нигоҳ дошта шуд. Кормандони полис мошини вайро кофтуков карданд. Дар ин ҷустуҷӯ полис аз мошини вай 100 нусха рӯзномаи “Нови Час” ва варақаҳои “Коргарони ҳамбастагӣ”-ро пайдо кард. Вайро ба шӯъбаи полис бурданд ва се соат нигоҳ доштанд. Сипас бидуни тавзеҳот ва санади боздошт раҳо карданд. Пахабау гуфтааст, ки барои ин боздошти ғайриқонунӣ ба додгоҳ шикоят мебарад.