Муттаҳидони НАТО қавл доданд, дар Либия то замоне боқӣ хоҳанд монд, ки ба он зарурат бошад. Онҳо ҳамзамон гуфтаанд, ки дар маъракаи зидди режими Муаммар Қаззофӣ ширкат хоҳанд ҷуст. Вазирони дифои 28 кишвари узви НАТО дар мулоқоти худ дар Бруссел изҳороте ба нашр расонданд ва дар он зарурати истеъфои Қаззофиро таъкид карданд. Бо вуҷуди ин, Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли НАТО гуфт, баъд аз хатми муноқиша НАТО омода нест нируҳои худро дар Либия нигаҳ дорад.