Сомонаҳои мухолифини Эрон мегӯянд, додгоҳи Теҳрон 19,5 сол ҳукми зиндони блогнависи маъруф Ҳусейн Дурахшонро таъйид кардааст. Дурахшон, ки шаҳрвандии Эрону Канадаро дорад, ба ҷосусӣ ба нафъи Исроил айбдор мешавад. Ӯ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2008 боздошт шуда, ҳамчунин ба таблиғ алайҳи низоми Ҷумҳурии исломӣ, тавҳин ба муқаддасоти мазҳабӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои душмани Эрон айбдор мешуд. Ҳусейн Дурахшон акнун барои шикоят аз ин ҳукми додгоҳ 3 ҳафта дар ихтиёр хоҳад дошт.