Вазирони дифоъи НАТО дар Брюссел ба натиҷагирии ду моҳи ҳамлаҳои ҳавоӣ болои Либия пардохтаанд. Ин паймони низомӣ ҳафтае пеш амалиёти таҳти мандати СММ дар Либияро, ки ҳадафаш ҳимояти мардуми мулкӣ аз нирӯҳои Муаммар Қаззофист, то 90 рӯзи дигар тамдид кард. Ҳавопаймоҳои НАТО ба дунбол пойтахти Либия –Троблусро таҳти бомбборҳои шадид қарор додаанд. Аммо Қаззофӣ ба ин фишор тан надода, гуфтааст, «чӣ зинда ва чӣ мурдааш» дар Либия хоҳад монд.
Шоми имрӯз Шӯрои НАТО ва Русия нақшаи Ғарб барои истиқрори сипари мушакӣ дар Аврупоро низ баҳс хоҳад кард.
Шоми имрӯз Шӯрои НАТО ва Русия нақшаи Ғарб барои истиқрори сипари мушакӣ дар Аврупоро низ баҳс хоҳад кард.