Марги як наврас дар боздоштгоҳи аввали Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон даргузашти Исмоил Бачаҷонови ноболиғ дар боздоштгоҳи аввали Душанберо таъйид карданд. Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи зиндонҳои вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати марги Бачаҷоновро таҳқиқоте, ки шурӯъ шудааст, маълум хоҳад кард.
Дар додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои озодӣ гуфтанд, ки дар қиболи марги Исмоил Бачаҷонов тибқи банди 110-уми Қонуни ҷиноӣ – барқасдона расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба шахси ноболиғ, мунҷар ба марг шудааст – парванда боз кардаанд. Ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон муҷозот дорад. Мавриди нави марг дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Сино дар ин ҳафта ба муҳокимаи парвандаи ду милисаи муттаҳам ба марги Сафаралӣ Сангов шурӯъ кард. Сангов дар авоили моҳи мартбаъди 4 рӯзи боздошт дар бемористон даргузашт ва пайвандонаш мегӯянд, иллати марги ӯ шиканҷаи мақомоти милисаи ноҳияи Синост.