Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳушдор доданд, ки нокомӣ дар амри ба масъулият кашонидани омилони даргириҳои хунини қавмии як соли пеш байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон метавонад мунҷар ба хушунатҳои бештаре дар ин кишвар шавад.
“Amnesty International” дар гузорише, ки дар солгарди ин даргириҳо нашр кард, “қавмгароӣ ва фасод”-ро иллати нотавонӣ дар амри ба додгоҳ кашонидани омилон номид ва ҳушдор дод, ки чунин нотавонӣ майдоне муносиб барои кишти тухми беназмиҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда хоҳад шуд. Намояндаи “Amnesty International” Мейзӣ Вайшурдинг гуфт: “Вақте адолат нест ва ҷинояткорон ҷазо намебинанд, вақте таблиғоти қавмгароёна ҳамоно идома дорад ва бахусус дар пешорӯи интихоботи президентӣ, баъид нест, агар хушунатҳо дубора рӯ занад. На ҳатман дар Ӯш, балки дар ҳар ҷои дигар.”
Дар хушунатҳои моҳи июни соли гузашта дар Ӯшу Ҷалолобод ҳудуди 470 нафар кушта шуданд ва “Amnesty” мегӯяд, ки 75 дарсади кушташудаҳо ва 90 дарсади манзилбохтаҳо узбакҳо буданд. ”Human Rights Watch”, як гурӯҳи дигари ҳомии ҳуқуқ низ дар гузоришаш навишт, “таҳқиқот ва муҳокимаҳои амиқан ноқис метавонанд ягон рӯз мунҷар ба хушунатҳои ҷадид шаванд.”