Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар қарордоди таҷдидшудаи Русияву Амрико роҷеъ ба нобудии зарродхонаҳои ҳастаии плутониум имзо кард. Кохи Кремл дирӯз гуфт, ки Русияву Амрико ҳар як 34 тон плутониуми худро барои сӯхти ҳастаӣ дар реакторҳо истифода ва хокистари онро дар ҷойҳои махсус дафн мекунанд. Мақомот мегӯянд, аз ин роҳ нобуд кардани ин модда дар ду кишвар имкон медиҳад, ки аз иҷоди 17 000 аслиҳаи ҳастаӣ пешгирӣ ба амал ояд.