Дар хушунатҳои Яман 45 нафар кушта шудаанд

Артиши Яман мегӯяд, дар идомаи хушунатҳо дар шаҳри Занзирбар 45 нафар ва аз ҷумла 30 тундрави исломӣ кушта шуданд. Ин шаҳр даҳ рӯз пеш аз тарафи Ал-Қоида ишғол шуд ва раҳбари як ҳалқаи маҳаллии ин созмон ҳам дар ҷанг бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст. Дар талош барои пас гирифтани Занзибар, артиши Яман 15 сарбозашро талаф додааст. Айни замон тазоҳуротҳо алайҳи Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман дар шаҳрҳои кишвар идома дорад ва тазоҳургарон намехоҳанд, то ӯ аз Арабистони Саудӣ баргардад. Алӣ Абдулло Солеҳ, ки 33 сол боз дар Яман ҳукумат мекунад, рӯзи ҷумъа дар ҳамлае ба қароргоҳаш захмӣ шуд ва барои табобат ба Арабистони Саудӣ рафтааст.