Баҳси ҳангоми Е-колӣ дар Аврупо оғоз шуд

Дар Люксембург вазирони кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар як нишасти изтирорӣ, ба баррасии ҳангомаи зиёнбор дар атрофи бактерияи Е колиро шурӯъ намуданд, ки кишоварзонро бечора кард. Мардуми Аврупо аз тарси сирояти ин бактерия, ки 22 нафарро кушт, хариди маҳсулоти кишоварзиро кам карданд, ки аз ин кишоварзон хисороти зиёд диданд. Дачиан Сиалос, масъули умури кишоварзии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, пешниҳод хоҳад кард, то ба кишоварзони осебдида 150 миллион евро кӯмаки молӣ дода шавад. Ҷон Даллӣ, масъули умури беҳдоштии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, дар нишаст амалкарди муносиб зимни чунин ҳодисаҳо баррасӣ мешавад: "Бисйор муҳим аст, ки мақомоти миллӣ бидуни ташхиси ниҳоӣ, дар нашри иттилоъ доир ба сарчашмаи сироят шитоб накунанд, чунки ин боиси ҳароси беҳудаи мардум дар саросари Аврупо мешавад ва барои тавлидкунандагони маводи ғизоии мо дар дохил ва хориҷи Иттиҳодияи Аврупо дарди сар эҷод мекунад." Мақомоти Олмон мегӯянд, то кунун сарчашмаи бактерияи Е-колиро, ки зоҳиран дар сабзиҷот аст, пайдо накардаанд. Ин бактерия 21 нафарро дар Олмон ва 1 нафарро дар Шветсия кушт.