Зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Австрия имрӯз миёни ду кишвар созишнома дар бораи ҷилавгирӣ аз молиётбандии дутарафа имзо шуд. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз Вена, Дар ҷараёни ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳайнз Фишер раиси ҷумҳури Австрия доир ба тақвияти ҳамкориҳо гуфтӯгу кард. Ҳайъатҳои ду тараф дар мавриди афзоиши сармоягузории Австрия ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба мувофиқаи пешакӣ расидаанд. То кунун Австрия дар чаҳорчӯби бонкҳои сармоягузори аврупоӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон 69 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз чанд нерӯгоҳҳои пешрафтаи барқи обӣ дар Австрия дидан мекунад.