Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз давлати Қазоқистон хостаанд, 32 боздоштшудаи ӯзбакро ба ватанашон истирдод накунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ба онҳо хатари шиканҷа таҳдид мекунад. Дар як нома ба унвони додситони кулли Қазоқистон, созмони Авфи Байналмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтаанд, ин афрод аз тарси таъқиб ба хотири ақоиди мазҳабиашон аз Ӯзбакистон фирор кардаанд. Ин афродро, ки соли гузашта дар Қазоқистон боздошт шудаанд, дар Ӯзбакистон ба “тундгароии мазҳабӣ” муттаҳам мекунанд. Стив Свердлов, як намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, “пӯшида нест, ки шиканҷа дар зиндонҳои Ӯзбакистон пайваста мушоҳида мешавад ва бо назардошти “иттиҳомоти ворида ба ин афрод, “вазифаи давлати Ӯзбакистон аст, ки онҳоро ба чанги шиканҷа барнагардонад.”