Дар таҳхонаи бинои парлумони Тоҷикистон махфигоҳи нимпайкараҳои пешвоёни ҳизби коммунистӣ ошкор шудааст. Дар паси як девор, ки ба хотири тармими бино вайрон кардаанд, нимпайкараҳои Карл Маркс, Энгелс ва Ленинро пайдо кардаанд. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунист ва вакили порлумони Тоҷикистон, ки ҳоло ин нимпайкараҳоро дар утоқи худ нигаҳ медорад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Се нимпайкараҳои доҳӣ, Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва Ленинро аз қабати девор ёфтем. Ҳамон вақт барои нигоҳ доштан аз нобудӣ дар замони ҷангу ҳараҷу мараҷ ва ҳайкалшиканӣ, кадом одамҳои оқил онҳоро пинҳон кардаанд.” Тоҷикистон баъди суқути шӯравии муҷассамаҳои зиёде аз доҳиёни коммунистҳоро аз кӯчаву хиёбонҳои кишвар барчид.