Давлати Сурия мегӯяд, ба гурӯҳи афроди мусаллаҳ, ки 120 маъмури амниятиро дар шимоли кишвар куштанд, посухи қотеъ хоҳад дод. Иброҳим Ал-Шаъар, вазири умури дохилии Сурия имрӯз гуфт:" Масъулияти давлат, ҳифзи суботу ҳаёти мардуми осоишта ва сарбозон ва ҳимояти иншооти давлат ва моликияти ҷамъиятист. Мо бар асоси қонун ва қотеъонаву устувор амал мекунем ва дар баробари ҳаргуна ҳамлаҳо, ки амнияти ватану шаҳрвандони моро ҳадаф мегиранд, сукут нахоҳем кард." Бинобар дастнорас будани Сурия барои хабарнигорони хориҷӣ, ҳамла ба шаҳри Ҷиср Ал-Шуқур дар рӯзи душанбе норӯшан боқӣ мондааст. Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, режими Башшор Ассад бо ин баҳона барои шиддат бахшидан ба саркӯбии тазоҳургарони зиддидавлатӣ саҳнасозӣ мекунад. Дирӯз Алан Жупе, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳаққи ҳукумат дар ин кишварро аз даст додааст. Сар аз моҳи март то кунун дар ҷараёни тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ дар Сурия бештар аз 1000 нафар кушта шудаанд.