Дар Мақдуния ҳизби ҳоким иддао кардааст, ки дар интихоботи зудраси порламонӣ пирӯз шудааст. То ҳол 80 дарсади оро шуморида шудааст ва тибқи натиҷаҳои муқаддамотии он 39 дарсад ҳизби ҳоким ва ҳизби мухолифон 32 дарсад райи интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Ҳизби алабнитаборҳо, ки бо ҳизби ҳоким дар як эътилоф аст, бештар аз 10 дарсад рай овардааст. Дар интихобот 64 дарсади аҳолии қобили рай ширкат кардаанд. Порламони Мақдуния 123 курсӣ дорад. Пирӯзӣ дар интихобот ба ҳизби ҳоким имкон медиҳад, ки нахуствазир Никола Груевский бори севвум мақоми нахуствазириро соҳиб шавад.