Полиси Покистон мегӯяд, ки дасти кам шаш нафар қурбони таркиши бомбае дар як шаҳраки наздикии Пешавар шуда, 11 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ба иттилои полис, бомба дар наздикии бозори шаҳраки Матонӣ, воқеъ дар 20-километрии ҷануби Пешавар мунфаҷир кард. Ин шаҳр дар минтақаи зери нуфузи Толибон қарор дорад.